Мулоқоти нахуствазири ҷумҳурӣ бо намояндаи «Газпром»



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори идоракунандаи ширкати «Газпром Интернэшнл» Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо атрофи Созишнома оид ба гузаронидани корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ дар майдонҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2008 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром» ба имзо расида буд, табодули назар намуданд.

«Дар ҷараёни мулоқот зарурати соли равон дар Душанбе баргузор намудани конфронси геологҳо таъкид шуд, ки ба таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафту газ мусоидат мекунад», – қайд кард Муҳиддинов.

spot_imgspot_img

Популярное