Нимаи дуюми имрӯз таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ доир мегардад, ки дар он аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласаи мазкур ба мушкилоти ошкор шудани ҷиноятҳои сабтшуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-апрели соли 2014 дар саросари кишвар 7 ҳазору 154 ҷиноят ба қайд гирифа шудааст, ки 82,3%-и онҳо ошкор карда шудаанд.
Миқдори камтарини ошкоршавии ҷиноятҳои сабтшуда дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоршавии он давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ он ба 82,3% баробар аст.
Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз 1 ҳазору 837 ҷинояти сабтшуда дар қаламрави вилояти Суғд 87,5%-и онҳо ошкор шудаанд, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад.



