Боздошти ду тоҷик дар Петербург ба гумони қатли занони ҳамватан



Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли занон боздошт шуданд. Ҷасади занон рӯзи 12-уми июл дар боғи назди ҷангали Новоорловск дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, занони дорои симои осиёӣ нафасгардон шуда, дастони яке аз занон баста ва сари кушташудагон бо плёнкаи полиэтиленӣ печонида шуда будааст.

Ба итиллои хабаргузории Интерфакс, мақомоти тафтишоти Санкт-Петербург мутобиқи банди «а», моддаи 105-и КҶ Русия (куштори ду шахс) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот қотилони эҳтимолӣ – бародарон Охунҷон ва Акмал Носировҳои 22-сола ва 30-сола боздошт шудаанд.

Хабаргузории Neva.Today менависад, дар маводи парванда зикр шудааст, ки субҳи рӯзи 11-уми июл дар боғи назди ҷангали Нооорловск боздоштшудагон дар заминаи муносибатҳои бадбиниву хусумат шаҳрванди Тоҷикистон, зани 34-сола ва ҳамватани ӯро, ки шахсияташ муайян карда мешавад, бераҳмона лату кӯб намуда, ба сари онҳо плёнкаи полиэтиленӣ мепӯшонанд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Бино ба маълумоти портали иттилоотии MetroNews, маҳз плёнкае, ки тариқи он занон нафасгардон шуда буданд, ба дарёфти қотилон кумак кардааст. Пас аз ташхиси плёнка ба хулоса расидаанд, ки гумонбарон дар кушторро маҳз дар ҳамин корхона ҷустан зарур аст.

Дар натиҷаи гузаронидан тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ Охунҷон Носирови 22-соларо боздошт намудаанд, ки бидуни қайд бо суроғаи кӯчаи Первомайская 45 дар шаҳр иқомат дошта, дар корхонаи истеҳсоли ранг (краска) машғули кор будааст.

Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҳамчунин гумонбари дуюм Акмал Носирови 30-сола низ боздошт гардидааст, ки ҳамроҳи бародараш дар ҳамон суроғаи зикршуда бидуни қайд зиндагӣ доштааст ва дар ҳеҷ куҷое кор намекардааст.

spot_imgspot_img

Популярное