Ҳаҷми зиёни расида аз қазияи ахир дар Хоруғ муайян карда шуд

Ҳаҷми зиёни моддии расида аз қазияи ахири рӯзи 21-уми июн дар Хоруғро ҳукуматдорони маҳаллӣ пешакӣ 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,2 млн. $) арзёбӣ мекунанд. Бино ба иттилои газетаи таҳлиливу итиилоотии вилоятии «Импульс» , ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи ҳукумати ВМКБ қайд гардид, ки ҳаҷми зарари расида аз ҳодисаҳои 21-уми майро баҳо додан ҳанӯз барвақт аст, зеро […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми зиёни моддии расида аз қазияи ахири рӯзи 21-уми июн дар Хоруғро ҳукуматдорони маҳаллӣ пешакӣ 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,2 млн. $) арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои газетаи таҳлиливу итиилоотии вилоятии

«Импульс»

, ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи ҳукумати ВМКБ қайд гардид, ки ҳаҷми зарари расида аз ҳодисаҳои 21-уми майро баҳо додан ҳанӯз барвақт аст, зеро ин зиён рӯз то рӯз зиёд мешавад.

«Ҳамин тариқ, ҳар мавсими тобистон даҳҳо ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дигар аз Бадахшон боздид намуда, дар осоишгоҳҳои сершумори Помир истироҳату табобат мегирифтанд ва соҳибкорони инфиродиву ширкатҳои хусусӣ ва  аҳолии маҳаллӣ аз ин даромад ба даст меоварданд. Аммо имрӯз шумори сайёҳони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар Бадахшон бамаротиб коҳиш ёфтаааст, ки ин барои иқтисоди вилоят ва даромади шаҳрвандон зиёни хеле зиёди молӣ мерасонад», – таъкид шудааст дар ҷаласа.

Бино ба маълумоти сардори хадамоти оташнишонии ВМКБ Агвар Шолангаров, вазъи биноҳои шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, биноҳои прокуратураву суд, автомашинаҳои сӯхта, манзили хусусӣ ва ноқил (кабел)-ҳои ҶСК «Тоҷиктелеком», ки ҳангоми бетартибиҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ оташ зада шуда буданд, баҳогузорӣ шудааст. «Маблағи умумии зиёни моддӣ 1 млн. 340 ҳазору 156 сомонӣ муайян карда шуд», – изҳор доштааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон зимни амалиёти кормандони милисаи шаҳри Хоруғ тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Издиҳоми мардуми ошуфта пас аз ин биноҳои шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, прокуратура ва суди вилоят ва ҳамчунин манзили сардори шуъбаи милисаи шаҳрро оташ заданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.