Боздошти ду тоҷик дар Петербург ба гумони қатли занони ҳамватан

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли занон боздошт шуданд. Ҷасади занон рӯзи 12-уми июл дар боғи назди ҷангали Новоорловск дарёфт шудааст. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, занони дорои симои осиёӣ нафасгардон шуда, дастони яке аз занон баста ва сари кушташудагон бо плёнкаи полиэтиленӣ печонида шуда […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли занон боздошт шуданд. Ҷасади занон рӯзи 12-уми июл дар боғи назди ҷангали Новоорловск дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, занони дорои симои осиёӣ нафасгардон шуда, дастони яке аз занон баста ва сари кушташудагон бо плёнкаи полиэтиленӣ печонида шуда будааст.

Ба итиллои хабаргузории Интерфакс, мақомоти тафтишоти Санкт-Петербург мутобиқи банди «а», моддаи 105-и КҶ Русия (куштори ду шахс) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот қотилони эҳтимолӣ – бародарон Охунҷон ва Акмал Носировҳои 22-сола ва 30-сола боздошт шудаанд.

Хабаргузории Neva.Today менависад, дар маводи парванда зикр шудааст, ки субҳи рӯзи 11-уми июл дар боғи назди ҷангали Нооорловск боздоштшудагон дар заминаи муносибатҳои бадбиниву хусумат шаҳрванди Тоҷикистон, зани 34-сола ва ҳамватани ӯро, ки шахсияташ муайян карда мешавад, бераҳмона лату кӯб намуда, ба сари онҳо плёнкаи полиэтиленӣ мепӯшонанд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Бино ба маълумоти портали иттилоотии MetroNews, маҳз плёнкае, ки тариқи он занон нафасгардон шуда буданд, ба дарёфти қотилон кумак кардааст. Пас аз ташхиси плёнка ба хулоса расидаанд, ки гумонбарон дар кушторро маҳз дар ҳамин корхона ҷустан зарур аст.

Дар натиҷаи гузаронидан тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ Охунҷон Носирови 22-соларо боздошт намудаанд, ки бидуни қайд бо суроғаи кӯчаи Первомайская 45 дар шаҳр иқомат дошта, дар корхонаи истеҳсоли ранг (краска) машғули кор будааст.

Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҳамчунин гумонбари дуюм Акмал Носирови 30-сола низ боздошт гардидааст, ки ҳамроҳи бародараш дар ҳамон суроғаи зикршуда бидуни қайд зиндагӣ доштааст ва дар ҳеҷ куҷое кор намекардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.