Раҳмон Олландро ба солгарди ба даст овардани Бастилия табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эммоалӣ Раҳмон бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия ба президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тарбикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти маиуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки таи солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Франсия бар асари саъю эҳтимом […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эммоалӣ Раҳмон бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия ба президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тарбикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти маиуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки таи солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Франсия бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуданд.

«Умедворам, ки муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод», – омадааст дар барқия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.