БМТ: Ҳаҷми воридсозии асъор ба бозор 46,4 млн. $-ро ташкил дод

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабаби асосии коҳиши қурби доллари ИМА дар ҷумҳуриро шарҳ дод. Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби коҳиши босуръати қурби доллари амрикоӣ дар навбати аввал ба омилҳои мавсимӣ – афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, ки ба афзоиши ҳаҷми содироти сабзавоту мева […]

Заррина Эргашева



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабаби асосии коҳиши қурби доллари ИМА дар ҷумҳуриро шарҳ дод.

Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби коҳиши босуръати қурби доллари амрикоӣ дар навбати аввал ба омилҳои мавсимӣ – афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, ки ба афзоиши ҳаҷми содироти сабзавоту мева ва воридшавии асъори амрикоӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

«Тағйири қурбҳои асъорҳои миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ раванди маъмулии бозор буда, ҳамасола дар саросари ҷаҳон сурат мегирад. Сомонӣ низ аз ин қодиа истисно нест ва қурби он аз ҷониби бозор, яъне таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Ба иттилои манбаъ, тадбирҳои андешидаи БМТ дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои қарздиҳӣ оид ба зиёд кардани пешниҳоди асъори нақд (доллари ИМА) дар баробари устуворӣ ва таҳким бахшидани қурби рубли русӣ ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба таҳкими қурби сомонӣ дар бозори асъори нақд мусоидат намуданд.

«Ҳаҷми воридсозии асъор ба бозор, ки аз ҷониби БМТ дар давоми аз моҳи январи соли 2014 то имрӯз анҷом дода шуд, 46,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки асосан ба моҳҳои феврал ва апрел рост меояд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.