Раиси Суди олӣ ошкор сохтани сабаби оташзании бинои суди ВМКБ-ро ваъда кард

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода изҳор намуд, ки сабабҳои оташзании бинои суди ВМКБ дар Хоруғ дар ҷараёни бетартибҳои моҳи июни соли 2011 ва моҳи майи соли ҷориро пас аз баррасӣ шудани ин далелҳо аз ҷониби суд ва ошкор кардани гунаҳкорон шарҳ медиҳад. Дар идома раиси Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода изҳор намуд, ки сабабҳои оташзании бинои суди ВМКБ дар Хоруғ дар ҷараёни бетартибҳои моҳи июни соли 2011 ва моҳи майи соли ҷориро пас аз баррасӣ шудани ин далелҳо аз ҷониби суд ва ошкор кардани гунаҳкорон шарҳ медиҳад.

Дар идома раиси Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки то имрӯз оид ба ҳодисаҳои рӯзҳои 21-23-юми май дар Хоруғ, ки одамон ба ҳалокат расидаву биноҳои мақомоти маҳаллии милиса ва суд оташ зада шуданд, ба судҳо парвандаҳои ҷиноӣ ворид нашудааст.

Дар посух ба саволҳои журналистон Н.Абдуллозода зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросимҳо» 346 нафар ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарьияи фарзанд» 4 ҳазору 797 шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба таъкиди раиси Суди олии кишвар, то ба синнусоли 18-солагӣ расидани ҷавонону наврасон ва сарчашмаи даромади худӣ надоштани онҳо, падару модарон ба таълиму тарбияи онҳо масъул мебошанд. «Агар баъди расидан ба синни 18-солагӣ онҳо ҷиҳати гирифтани маълумот ба мактабҳои олӣ қабул шаванд, то анҷоми таҳсил дар мактаби олӣ низ падару модарон ба онҳо масъуланд», – гуфт Абуллозода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.