Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) фаъолияти шаш моҳи соли 2014-ро ҷамъбаст кард.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев, дар шаш моҳаи аввали соли 2014 ба 368,517 мусофири рафта ва 289, 930 мусофири омада, дар маҷмӯъ ба 658,447 нафар мусофир хизмат расонидааст.
«Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ дар шаш моҳаи аввали соли 2014 1186.175 кг.- ро ташкил дод.
Ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввал 33 млн 076 ҳазору 209 сомонӣ гузаронида шуд», – иброз дошт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайяншуда амал намуда, амнияти авиатсионӣ, амнияти мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуданд. «Мутобиқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоҷ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд.
Беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзур кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзӯр кардани назорат нисбати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ афзалиятҳои асоси рушди фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб мераванд», – иброз дошта шуд дар ҷамъбасти ҷаласа.
Зимнан зикр гардид, ки директори генералии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустам Холиқов ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарони хадамоту шӯъбаҳо бобати омодагии фурудгоҳи Душанбе ба баргузории ҷаласаи СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ва 90 солагии авиатсияи граждании кишвар ки ҳарду ба моҳи сентябр рост меоянд, дастурҳои иловагӣ дод.



