Кумаки Комиссияи Аврупо ба осебдидагон аз обхезиҳо дар Тоҷикистон

Ҷиҳати расонидани кӯмак ба беш аз 5000 нафароне, ки аз селобаҳои баъд аз боронҳои сахти аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зарар диданд, Комиссияи Аврупо 88 ҳазору 871 евроро ҷудо намуд. Дар иттилоияи дар ин робита интишоршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки беш аз як ҳазор оила аз селобаҳо зарар дид, […]

ASIA-Plus



Ҷиҳати расонидани кӯмак ба беш аз 5000 нафароне, ки аз селобаҳои баъд аз боронҳои сахти аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зарар диданд, Комиссияи Аврупо 88 ҳазору 871 евроро ҷудо намуд.

Дар иттилоияи дар ин робита интишоршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки беш аз як ҳазор оила аз селобаҳо зарар дид, шумораи зиёди онҳо хонаҳояшонро аз даст дода дар биноҳои мактабҳо, масҷидҳо ва ё дар хонаҳои хешовандонашон муваққатан ҷойгир карда шуданд.

«Саридораи Комиссияи Аврупо бо номи ЭКО, ки оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом кор мекунад, тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ чудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуда буд, қабул шуд», – баён мегардад дар иттилоия

Гуфта мешавад, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маблағи мазкурро гирифта барои зарардидагон сарф хоҳад кард то мардумро бо пӯшокворӣ, кӯрпача, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда дар муқобили офатҳои табиӣ чун селу ярч, ки қариб ҳар сол инҷо зарба мезананд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи худ омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад.


Маълумотнома:

Байни ЭКО ва ФБСС созишномае барои соли 2014 ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад. Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои “хурд” истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода дар соли 1985 таъсис ёфта аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулода пур гардида ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.