Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода изҳор намуд, ки сабабҳои оташзании бинои суди ВМКБ дар Хоруғ дар ҷараёни бетартибҳои моҳи июни соли 2011 ва моҳи майи соли ҷориро пас аз баррасӣ шудани ин далелҳо аз ҷониби суд ва ошкор кардани гунаҳкорон шарҳ медиҳад.
Дар идома раиси Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки то имрӯз оид ба ҳодисаҳои рӯзҳои 21-23-юми май дар Хоруғ, ки одамон ба ҳалокат расидаву биноҳои мақомоти маҳаллии милиса ва суд оташ зада шуданд, ба судҳо парвандаҳои ҷиноӣ ворид нашудааст.
Дар посух ба саволҳои журналистон Н.Абдуллозода зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросимҳо» 346 нафар ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарьияи фарзанд» 4 ҳазору 797 шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Ба таъкиди раиси Суди олии кишвар, то ба синнусоли 18-солагӣ расидани ҷавонону наврасон ва сарчашмаи даромади худӣ надоштани онҳо, падару модарон ба таълиму тарбияи онҳо масъул мебошанд. «Агар баъди расидан ба синни 18-солагӣ онҳо ҷиҳати гирифтани маълумот ба мактабҳои олӣ қабул шаванд, то анҷоми таҳсил дар мактаби олӣ низ падару модарон ба онҳо масъуланд», – гуфт Абуллозода.



