Аз фаъолият бозмондани 246 корхонаи саноатӣ дар нимсолаи аввал



Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (ҳудуди 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,9% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 13,4, саноати коркард – 63,3 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 23,3%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим, тайи 6 моҳи соли равон дар 32 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ёфта, дар 43 номгӯй ҳаҷми истеҳсоли он коҳиш ёфтаааст ва 15 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 112 корхонаҳои саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда 246 корхонаҳои саноатӣ нимсолаи аввал аз фаъолият бозмондаанд.

spot_imgspot_img

Популярное