Аз фаъолият бозмондани 246 корхонаи саноатӣ дар нимсолаи аввал

Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (ҳудуди 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,9% зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ […]

ASIA-Plus



Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (ҳудуди 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,9% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 13,4, саноати коркард – 63,3 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 23,3%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим, тайи 6 моҳи соли равон дар 32 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ёфта, дар 43 номгӯй ҳаҷми истеҳсоли он коҳиш ёфтаааст ва 15 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 112 корхонаҳои саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда 246 корхонаҳои саноатӣ нимсолаи аввал аз фаъолият бозмондаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.