Дар авҷи рӯйдодҳои муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи январи соли равон ба вуқӯъ пайваста буд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳар баҳона нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи вазоратро баргузор накард.
Қобили зикр аст, ки нишастҳои хабарии вазорату идораҳои кишвар мувофиқи супориши президенти Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, дар ним сол як маротиба гузаронида мешаванд.
Он замон аксари коршиносон баргузор нашудани нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуриро ба худдорӣ аз шарҳи рӯйдодҳои муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбат дода буданд.
Раҳбарияти ВКХ Тоҷикистон ин дафъа низ ҷадвали баргузории нишастҳои хабариро, ки аз ҷониби дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳия гардидаву имрӯз, 15-уми июл бояд нишасти хабарии вазорати мазкур бо журналистон доир мегардид, риоя накард.
Аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки «бинобар сабаби дар сафари хидматӣ қарор доштани вазир», баргузории нишасти хабарӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта мешавад. Дар ҳамин ҳол, мушахаасан зикр нагардид, ки вазир Сироҷиддин Аслов чандрӯзаву ба куҷо сафар мекунад ё аллакай дар сафар қарор дорад.
Аксари рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки ВКХ Тоҷикистон маротибаи дуюм низ вохӯрӣ бо журналистонро бо сабаби маротибаи аввал – дар буҳрон қарор гирифтани муносибатҳо бо Қирғизистон ба таъхир меандозад.



