Муҷозоти 56 нафар мансабдори Хатлон барои изофанависӣ

56 нафар мансабдорони вилояти Хатлон барои изофанависӣ муҷозот шуданд. Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз рӯзи аввали ба маснади раиси вилоят нишастанаш бар зидди изофанависӣ мубориза бурда истодааст. «Мо масъалаи кишти пахтаро мавриди баррасӣ қарор додем, ки дар вилоят бояд дар майдони 128 ҳазор гектар кишти пахта […]

Сайраҳмон Назриев



56 нафар мансабдорони вилояти Хатлон барои изофанависӣ муҷозот шуданд.

Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз рӯзи аввали ба маснади раиси вилоят нишастанаш бар зидди изофанависӣ мубориза бурда истодааст.

«Мо масъалаи кишти пахтаро мавриди баррасӣ қарор додем, ки дар вилоят бояд дар майдони 128 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида мешуд. Бо анҷоми мавсими кишт, мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ, гуё нақшаи кишт пурра иҷрои шудаву кишти пахта дар майдони 128 ҳазор га гузаронида шудааст. Аммо вақте мо санҷида баромадем, маълум шуд, ки 8 ҳазор гектар изофанависӣ шудааст», – иброз дошт Гулмаҳмадов.

Ба гуфти раиси вилоят, аз 56 нафар мансабдорони муҷозотшуда 46 нафарашон аз муовинони раисони шаҳру навоҳӣ сар карда то раиси ҷамоату кумитаи заминсозию дигар масъулон аз мансабҳои худ барканор карда шудаанд.

Ҳамчунин раиси вилоят хабар дод, ки аз Прокуратураи генералӣ хоҳиш кардааст, ки тақдири 100 тонна пахтаи мавсими соли гузаштаро муаяйн намояд.

«Ин 100 тонна пахта дар омор мегузарад, вале дар асл нест, – гуфт ӯ – Шояд ин ҷо низ изофанависӣ шуда бошад ва ё пахта дар кадом як тагхона ва ё дигар ҷой пинҳон карда шудааст. Аз ин хотир мо аз Прокуратураи Генерали дархост кардем, ба ин масъала рӯшани андозад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.