Суғд: Сӯзонидани ҳудуди 180 кило маводи мухаддир



Дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои интизомӣ, мақомоти судӣ ва рӯзноманигорон миқдори навбатии маводи мухаддири мусодирашуда сӯзонида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати АНМН дар вилояти Суғд полковник Музаффар Ҳотамов хабар дод, дар оташдонҳо беш аз 179 кило маводи мухаддири навъҳои гуногун несту нобуд карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии маводи нашъаовари сӯзонидашуда беш аз 9 килояшро маводи мухаддири сахттаъсири героин, зиёда аз 12 килояшро афюн ва беш аз 156 килояшро маводи нашъаовари ҳашиш ташкил медиҳад.

М.Ҳотамов илова намуд, ки маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далелҳои шайъӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ мусодира гардида, нисбати ин парвандаҳо ҳукми суд содир шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное