Бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти тафтиши ҳодисаи рӯзи 10-уми июл дар деҳаи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф овард.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Шерхон Салимзода ба аёдати сокинони деҳаи Бедак ва ду нафар марзбонони захмишуда ба бемористон рафта, табибон ба ӯ изҳор намуданд, ки вазъи солимии ҳамаи ҷабридагон қаноатбахш аст.
«Зимни вохӯрӣ бо захмишудагон прокурори генералӣ аз вазъи солимии онҳо пурсон шуда, зикр кард, ки айни замон оид ба ин ҳодиса тафтиш ҷараён дорад ва аз ин ҳодиса тибқи меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд», – гуфт Тешаев.
Ба қавли ӯ, сипас Шерхон Салимзода бо аъзои гурӯҳи тафтишотӣ вохӯрда, ҳамчунин бо рафти тафтиши ҳодисаи 10-уми июл шинос шуд. «Дар ин сафар Шерхон Салимзодаро муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сагинов, прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода ва раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ҳамроҳӣ карданд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон вазъ дар марзи Исфараи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, ҳамаи роҳҳои наздимарзӣ кушода мебошанд.



