Рамазон Раҳимзода: Ҳафт ташхиси гуногун бегуноҳии Расули Амонуллоро исбот кард

Ҳафт ташхиси гуногун бегуноҳии Расули Амонулло, писари собиқ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматуллоро дар садамаи нақлиёти рӯзи 9-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе собит кард. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор намуд. Ба гуфтаи вазир, барои хотима бахшидан ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа оид ба […]

ASIA-Plus



Ҳафт ташхиси гуногун бегуноҳии Расули Амонулло, писари собиқ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматуллоро дар садамаи нақлиёти рӯзи 9-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе собит кард. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор намуд.

Ба гуфтаи вазир, барои хотима бахшидан ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа оид ба ин масъала, вазорат ҳафт ташхиси гуногун гузаронида, ҳамаи ташхисҳо бегуноҳии Расули Амонуллоро собит кардаанд.

Рамазон Раҳимзода дар ин робита ҳамчунин зикр кард, ки ин парванда қисман қатъ шуда, ба  ихтиёри прокуратура супурда шудааст, вале дар бораи айбдори асосӣ дар ин садама, ки ҷони се нафарро рабуд, ҳарфе нагуфт. Ӯ ҳамчунин дар бораи чигунагии ҳафт ташхис барои муайян кардани бегуноҳии Расули Амонулло низ мушаххасан маълумот надод.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.

Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Ахири моҳи марти соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки парванда нисбати Расули Амонулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд, 

барои тафтиши дубора

 ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.