Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори махқумшуда Зайд Саидов имрӯз аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, Қудратов ба пешниҳоди пора ба яке аз судяҳои шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад.
«Ӯ маблағи муайянеро ба сифати пора пешниҳод кардааст. Дар ин бора ба мо худи судя хабар дод. Алҳол дар бораи ҷузъиёти дигари ин масъала маълумот дода наметавонам. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки мутобиқи моддаи 320 (Додани пора)- Кодекси ҷиноии ҶТ аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел Агентии зиддифасод пагоҳ, 22-юми июл изҳороти расмӣ интишор мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми июн судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Абдураҳмонзодаи Бахтиёр даъвои Моҳира Бобораҷабова – «ҷабрдида аз таҷовуз ба номус» дар парвандаи Зайд Саидовро
қонеъ намуд.
Ҷабрдида аз адвокат Шуҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибор 200 ҳазор ҷуброн талаб карда буд.



