Кумитаи андоз 341 млн. сомонӣ қарзи Babilon-mobile-ро ошкор кард

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарзи ширкати Babilon-mobile аз пардохти маблағҳои андозро ошкор намуд. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти ҷарима ва дигар пардохтҳо )аз ҷумла ҷаримаи аҳдшиканӣ ё пеня) қарзи умумии Babilon-mobile аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, […]



Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарзи ширкати Babilon-mobile аз пардохти маблағҳои андозро ошкор намуд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти ҷарима ва дигар пардохтҳо )аз ҷумла ҷаримаи аҳдшиканӣ ё пеня) қарзи умумии Babilon-mobile аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, ин маблағи ошкоршуда баҳсӣ аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, аз пардохти он саркашӣ дорад.

«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳаммаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», – гуфт ӯ.

Давлатов зикр кард, ки ширкати Babilon-mobile бо маблағи қарзи ошкоршуда мувофиқ набуда, тасмим гирифтааст, ки ба суд муроҷиат кунад ва ояндаи наздик муроҷиати онҳо баррасӣ мешавад.

«Мо ба мавқеи ягона расида натавонистем ва онҳо пардохти маблағи қарзро рад намуданд. Мо ба вохӯрӣ дар суд бо онҳо омодаем. Ба иҷрои ҳама гуна қарори суд мо уҳдадорем. Шояд суд қарор мекунад, ки ҳаҷми қарз коҳиш дода шавад ва шояд ба чунин хулоса наояд», – зикр кард раиси Кумитаи андоз.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.