Боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов ба гумони порадиҳӣ

Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори махқумшуда Зайд Саидов имрӯз аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, Қудратов ба пешниҳоди пора ба яке аз судяҳои шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад. «Ӯ маблағи муайянеро ба сифати пора пешниҳод кардааст. Дар ин […]



Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори махқумшуда Зайд Саидов имрӯз аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, Қудратов ба пешниҳоди пора ба яке аз судяҳои шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад.

«Ӯ маблағи муайянеро ба сифати пора пешниҳод кардааст. Дар ин бора ба мо худи судя хабар дод. Алҳол дар бораи ҷузъиёти дигари ин масъала маълумот дода наметавонам. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки мутобиқи моддаи 320 (Додани пора)- Кодекси ҷиноии ҶТ аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел Агентии зиддифасод пагоҳ, 22-юми июл изҳороти расмӣ интишор мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми июн судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Абдураҳмонзодаи Бахтиёр даъвои Моҳира Бобораҷабова – «ҷабрдида аз таҷовуз ба номус» дар парвандаи Зайд Саидовро

қонеъ намуд.

Ҷабрдида аз адвокат Шуҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибор 200 ҳазор ҷуброн талаб карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.