Хатсайрҳои ширкати миллии ҳавопаймоиро ба ширкати хусусӣ доданд

Қисмате аз хатсайрҳои ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дода шуд. Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкат 20 млн. сомонии маблағи пешбинишударо ба даст оварда натавонист. «Дар ин давра ширкат 793 парвоз тариқи хатсайрҳоро анҷом дод, ки дар […]



Қисмате аз хатсайрҳои ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дода шуд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкат 20 млн. сомонии маблағи пешбинишударо ба даст оварда натавонист. «Дар ин давра ширкат 793 парвоз тариқи хатсайрҳоро анҷом дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 8% камтар аст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Ҳамроев, сабаби аслии коҳиши парвозҳо дар он ифода меёбад, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ қисмате аз парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр»-ро ба ихтиёри ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» супурд.

«Вазорат парвозҳои ширкати мо тавассути се хатсайр – Хуҷанд – Маскав, Душанбе – Истанбул ва Душанбе – Маскавро гирифт. Акнун мо кӯшиш дорем, ки самтҳои иловагӣ дарёфт кунем, ки то ки маблағи камомади аздастдодаро рӯйпӯш намоем», – қайд кард номбурда.

Дар идомаи шарҳи чунин амалҳои Вазорати нақлиёт Ҳамроев ҳамчунин зикр кард, ки «шояд ба рушди бахши хусусӣ муваффақ шуданианд». «Шояд масъала сари он аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ бояд дар муҳити рақобат бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ рушд кунанд. Хуллас, мо каме гузашт кардем, то ки бахши хусусӣ рушд ёбад», – афзуд ӯ.

Тибқи баъе маълумот, ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба хешовандони наздики мақомоти олии раҳбарии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.