Иди Рамазон 28-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 28-уми июл таҷлил мегардад. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мусалмонони кишвар Иди Фитрро рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 28-уми июл ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз дар тамоми масҷидҳои кишвар бахшида ба анҷоми моҳи шарифи […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 28-уми июл таҷлил мегардад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мусалмонони кишвар Иди Фитрро рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 28-уми июл ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз дар тамоми масҷидҳои кишвар бахшида ба анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози ид хонда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Шӯрои навбатии улуми Маркази исломии Тоҷикистон, ки 23-юми июл баргузор мешавад, вақти саҳеҳи баргузор шудани намоизи ид эълон карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шариати ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз пардохти закот ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.