Гаравгонгирии сокини Шӯрообод аз ҷониби афроди мусаллаҳ

Сокини деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон Хушвахт Назриев 20-сола шаби 19 ба 20-уми июл аз ҷониби афроди мусаллахи номаълум гаравгон гирифта шуда, аз манзилаш ба самти номаълум бурда шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, кормандони ниҳодҳои интизомии ноҳияи Шӯрообод […]



Сокини деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон Хушвахт Назриев 20-сола шаби 19 ба 20-уми июл аз ҷониби афроди мусаллахи номаълум гаравгон гирифта шуда, аз манзилаш ба самти номаълум бурда шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, кормандони ниҳодҳои интизомии ноҳияи Шӯрообод ба ҷустуҷӯи ин афроди мусаллаҳ ва асорат озод кардани ҷавон сафарбар шудаанд.

«Тибқи яке аз фарзияҳо, ба қаламрави ҳамҷавори Афғонистон бурдани Хушвахт Назриев аз эҳтимол дур нест. Қобили зикр аст, ки аксар вақт сокинони ин ноҳияро қочоқбарони афғон мерабоянд, вале гаравгонгирии Хушвахт Назриев ҳодисаи нахустин дар соли равон аст», – гуфт сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.