Машқҳои махсуси тактикии ВКД, КДАМ ва Гвардияи миллӣ дар дараи Ромит

Бо мақсади омодагии доимии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратии кишвар аз санаи 3-юм то 17-уми июли соли ҷорӣ дар заминаи маркази таълимии минтақаи Мағоб воқеъ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат курсҳои кӯтоҳмуддати машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин машқҳо хизматчиёни […]



Бо мақсади омодагии доимии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратии кишвар аз санаи 3-юм то 17-уми июли соли ҷорӣ дар заминаи маркази таълимии минтақаи Мағоб воқеъ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат курсҳои кӯтоҳмуддати машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин машқҳо хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дастаҳои таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои маҳв намудани гурӯҳи террористони шартӣ дар шароити кӯҳсор маҳорати касбии худро тақвият доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоиши асосии гузаронидани машқҳои махсуси тактикии муштарак, ки 19-уми июл баргузор гардид, таҳти роҳбари ситоди фавран созмондодашуда гурӯҳҳои фаврӣ аз ҳисоби хизматчиёни воҳидҳои махсуси Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД, дастаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва дастаи «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар амалиёти безараргардонии гурӯҳи террористони шартӣ, дигар гурӯҳҳои созмондодашуда, аз қабили фаврӣ-тафтишотӣ, кинологӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, криминалистӣ ва тиббӣ барои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, таҳқиқу санҷиш ва бартараф намудани хатар ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ин амалиёти махсуси нишондодашуда Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович, директори  Агентии назорати маводи нашъаовар генерал-лейтенант Назарзода Рустам, фармондеҳиГвардияи миллӣ генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, намояндагони Вазорати мудофиа, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар сохторҳои қудратии кишвар, сардорони раёсатҳо, воҳидҳои махсуси ВКД ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва иштироки фаъолона дар курсҳои кӯтоҳмуддати воҳидҳои таъиноти махсуси оид ба омодагии ҷангӣ ва гузаронидани амалиёт дар шароити кӯҳсор бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандону хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, КДАМ, Гвардияи миллӣ ва барои ҳамкориҳои дуҷониба, намояндагони як қатор сохторҳои қудратӣ ва воситаи ахбори омма бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.