Роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон соли 2016 мавриди истифода қарор мегирад

Комилан ба итмом расидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сохтмони ин иншоот анҷом додани корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон боқӣ монда, айни замон дар ин қитъа корҳо идома доранд. Ба гуфтаи манбаъ, бо […]



Комилан ба итмом расидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сохтмони ин иншоот анҷом додани корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон боқӣ монда, айни замон дар ин қитъа корҳо идома доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо мақсади сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз ҷониби Чин дар ҳаҷми қариб 72 млн. доллари ИМА қарз ҷалб шуда, ҳамчунин лоиҳа аз ҷониби воситаҳои ҳукумати Тоҷикистон низ маблағгузорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз самти Ёвон шинос шуда, нахуствазир аз суръати корҳои сохтмон дар аксари қитъаҳо ва аз то ба ҳол таҳия нагардидани нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ норозигӣ баён намуд.

«Ба нахуствазир маълумот додаанд, ки маблағгузории корҳои сохтмонӣ барои давраи муайян аз ҷониби фармоишгар пурра ба иҷро расида, вале дар ҷараёни азхудкунии он мушкилот вуҷуд дорад», – гуфтанд дар ҳукумати кишвар.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардид, ҳарчанд лоиҳаи сохтмони ин иншоот ҳанӯз соли 1967 таҳия гардида буд. Масофаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 46,3 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа бунёди се нақб, панҷ пули бузург ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар Вазорати нақлиёт ҳамчунин зикр карданд, ки бо анҷоми сохтмони ин қитъа ба пайваст кардани роҳҳои оҳани дохили Тоҷикистон қадами аввал гузошта мешавад. Минбаъд роҳандозии ҳаракати воситаи нақлиёт тариқи роҳи оҳан миёни минтақаи марказ ва шимоли кишвар дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.