Нигаронии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз фаъолияти раисони маҳаллаҳо

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло аз фаъолияти раисони маҳаллаҳое, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ) фаъолият доранд, қаноатманд нест. Зимни як нишасти хабарӣ раиси шаҳр аз кори раисони маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти раисони маҳаллаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро қонеъ намекунад. Бояд гуфт, ки дар доираи 16 маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа лоиҳаи озмоишӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло аз фаъолияти раисони маҳаллаҳое, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ) фаъолият доранд, қаноатманд нест.

Зимни як нишасти хабарӣ раиси шаҳр аз кори раисони маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти раисони маҳаллаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро қонеъ намекунад.

Бояд гуфт, ки дар доираи 16 маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ)-и фаъолият мавриди амал қарор дорад ва раисони маҳалаҳои номбурда баробари мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маош мегиранд.

«Раисони маҳалҳо аз уҳдаи  иҷрои вазифаҳои худ, яъне ташвиқу тарғиби қарору супоришҳои раиси шаҳр набаромада  истодаанд. Ҳар супоришу дастуре, ки баҳри ободонии шаҳр дода мешавад, иҷро намешавад. Аз ин хотир, моро кори раисони маҳаллаҳо қонеъ намекунад. Беҳтараш мо чор ҷамоат – ду ҷамоати деҳот ва ду ҷамоати шаҳрак таъсис бидиҳем, хубтараст. Чор раиси ҷамоат кори ҳамин 30 раиси маҳалларо иҷро мекунад», – гуфт Амирулло Асадулло.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбати натиҷаҳои фаъолияти раисони маҳаллаҳои дар доираи лоиҳаи озмоишӣ қарордошта андешаву пешниҳодҳои худро ироа хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.