Номзадҳо ба вакилии парлумон аз санҷиши донистани забони давлатӣ мегузаранд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишварро таҳия намуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, санади мазкур бо ҷалби коршиносони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ […]



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишварро таҳия намуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, санади мазкур бо ҷалби коршиносони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ омода карда шудааст.

«Тибқи муқаррарои тасдиқшуда, номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии парлумон (Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) дар се сатҳ оид ба донистани забони давлатӣ аз санҷиш мегузаранд», – гуфт Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, номзадҳо дар ҳузури комиссияҳое, ки аз ҷониби комиссияҳои интихоботи ҳавзавӣ тасъсис дода мешаванд, бо забони тоҷикӣ тарҷумаи ҳоли худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни чопӣ мехонанд ва ҳамчунин суҳбати шифоҳӣ мекунанд.

«Сатҳи дониши забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ танҳо тариқи суҳбат санҷида мешавад», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.