Ҳалокати сокинони ноҳияҳои Рашту Ашт зери чархи автомашина

Ахири ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт ду нафар сокинони ноҳияҳои Рашт ва Ашт ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи қишлоқи Меҳнатобод ба самти шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт сокини ҳамин шаҳрак, ронандаи автомашинаи ГАЗ 53 Саидаброр Худойдодови 43-сола  пиёдагарди ноболиғ Ҳилолӣ Маъдиеви 13-соларо пахш намудааст, ки дар […]



Ахири ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт ду нафар сокинони ноҳияҳои Рашт ва Ашт ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи қишлоқи Меҳнатобод ба самти шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт сокини ҳамин шаҳрак, ронандаи автомашинаи ГАЗ 53 Саидаброр Худойдодови 43-сола  пиёдагарди ноболиғ Ҳилолӣ Маъдиеви 13-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ба ҳамин монанд дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ садамаи нохуши нақлиётӣ рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Ашт-Хуҷанд сокини маҳаллӣ, ронандаи  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳошим Ҷуманови 60-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Барҳаёт Валиеви 23-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.