Боздошти сокинони Шаҳритӯс дар пойтахт барои роҳзанӣ

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ду нафар сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Диловар Эшмуродови 20-сола ва Аҳрор Кенҷаеви 32-соларо ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо шаби 17 ба 18-уми июл дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба автомашинаи шахсии тамғаи «Волсваген-голф»-и сокини 22-солаи пойтахт Фирӯз […]



Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ду нафар сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Диловар Эшмуродови 20-сола ва Аҳрор Кенҷаеви 32-соларо ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо шаби 17 ба 18-уми июл дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба автомашинаи шахсии тамғаи «Волсваген-голф»-и сокини 22-солаи пойтахт Фирӯз Подшоев, нишаста, ҳангоми ҳаракат ба тарафи бозори «Саховат», дар назди ошхонаи «Осиё», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, бо истифода аз миёнбанди чармӣ ӯро  буғӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо ҳамчунин таҳдиди зӯрӣ карда, аз ӯ пули нақд – 480 доллари амрикоӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа», ки арзишаш 500-сомонӣ мебошад ва автомашинаашро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо изи гарм Диловар Эшмуродов ва Аҳрор Кенҷаев фавран дастгир гардида, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.     

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.