Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар таҳрири нав мавриди таҳия қарор дошта, ба ин гурӯҳ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ шомиланд.
Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки оид ба ин масъала пешниҳодоти зиёд ворид мешаванд ва айни замон вариантҳои гуногуни он мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
«Аз ҷумла пешниҳод оид ба кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ аз 2 то 1,5 сол мавҷуданд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин бекор кардани як қатор имтиёзҳое, ки барои даъват ба хизмати ҳарбӣ монеъа эҷод мекунанд, низ пешниҳод мешавад. Масалан, бекор кардани ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва таълимоти миёнаи касбӣ пешниҳод мегардад. Ин ҷо сухан сари он меравад, ки бисёриҳо ба ин муассисаҳо танҳо бо мақсади хизмат накардан дохил мешаванд. Табиист, ки онҳо ба дарсҳо ҳозир нашуда, танҳо дар қайди ҳамин муассисаҳо мебошанд. Айни замон дар ин муассисаҳо 56 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор ҳамагӣ 10-15%-ашон дар машғулиятҳо иштирок мекунанд».
Ба гуфтаи муовини вазири адлия, пешниҳодоте ҳам мавҷуданд, ки дар онҳо қабул ба кори давлатӣ танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ мешавад.
«Мавриди зикр аст, ки пешниҳоди мазкурро қариб ҳамаи аъзои комиссия ҷонибдорӣ мекунанд, – иброз дошт ӯ. – Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳар каси хоҳишманди фаъолият намудан дар мансаби давлатӣ бояд сараввал хизмати ҳарбиро адо намояд».
Дар идома Холиқзода қайд кард, ки аъзои гурӯҳи корӣ зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар навбати аввал ҳалли мушкилоти норасоии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва комилан даст кашидан аз методҳои ба истилоҳ маҷбуран даъват кардан (облава)-ро ба инобат мегиранд.
Муовини вазири адлия ҳамчунин илова намуд, ки анҷоми таҳияи қонуни мазкур дар тахрири нав аввали соли оянда дар назар буда, он ба баррасии қишри васеи ҷомеа пешкаш мегардад.



