Аз оғози сол беш аз 16 ҳазор нафар ному насаби худро ба тоҷикӣ иваз карданд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмуродов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аз оғози сол дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор нафар ному насаби русии худро ба шакли тоҷикӣ иваз намуданд. Вазири адлия зикр кард, ки дар бораи ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ миёни мансабдорони давлатӣ дар ин давра маълумоти мушаххас […]



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмуродов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аз оғози сол дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор нафар ному насаби русии худро ба шакли тоҷикӣ иваз намуданд.

Вазири адлия зикр кард, ки дар бораи ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ миёни мансабдорони давлатӣ дар ин давра маълумоти мушаххас дар даст надорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли ҷорӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки солҳои охир 

даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ

 зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Баъди ин изҳорот мавҷи навбатии ивази ному насаб дар Тоҷикистон рӯйи кор омад.

Тамоили ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 бештар фаъолтару густарда гардида, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ӯ пайравӣ карданд. Аммо баъди чанде онҳо аз Русия ба ватан баргашта, боз ному насаби пешинаи худро мегирифтанд.

Пас аз изҳороти прокурори генералӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки даст кашидан аз пасвандҳои русӣ дар ному насаб «қарзи миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон» аст. Пас аз ин аксари мансабдорони воломақоми давлатӣ ному насабҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд.

Ҳамин тариқ тайи моҳҳои ахир биёре аз мансабдорони воломақоми Тоҷикистон номҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз намуданд. Муоини вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонова ба Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Агентии зиддифасод Саидов Фаттоҳ Ғоибович ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, вазири кишоварзӣ Қосимов Қосимҷон Раҳбарович ба Қосими Роҳбар, вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло, раиси Хадамоти алоқа Зуҳуров Бег Сабурович ба Бег Сабурӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ба Эркинхон Раҳматуллозода табдили ному насаб карданд.

Чанде қабл раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов назди журналистон эътироф намуд, ки ба ивази ному насаби русии худ

он қадр шитоб надорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.