Раиси ҲСДТ муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят карданист

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят мекунад. Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик ӯ ҷиҳати зери ҳимоя гирифтани манфиатҳои муовинаш бо мактуби расмӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ муроҷиат мекунад. Зойиров […]



Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят мекунад.

Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик ӯ ҷиҳати зери ҳимоя гирифтани манфиатҳои муовинаш бо мактуби расмӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ муроҷиат мекунад.

Зойиров бар ин назар аст, ки Қудратовро барои интиқоди шадид ва ба маърази ом гузоштани иштибоҳоти сохторҳои давлатӣ, бахусус Агентии зиддифасод ва шахсан роҳбари он Абдуфаттоҳ Ғоиб боздошт карданд.

«Илова бар ин, тайи чанд соли ахир Шуҳрат бо ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳову афроди барои ҳукумат номақбул – бозори «Зарнисор» дар маҳалли 102, раиси ширкати «Мовароуннаҳр», шахсони маъруф Ёқуб Салимов ва Зайд Саидов назди ҳукумат хеле зиёд «имтиёзот»-и манфӣ касб намуда, барои Агентии зиддифасод ба шахси манфур табдил ёфт, – мегӯяд раиси ҲСДТ. – Аз ҳамин ҷо «фармоиш» ба Шуҳрат Қудратов, ки андешааш дар ин ниҳод рӯз то рӯз «пухта мерасид», маълум мешавад».

Дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов имрӯз Агентии зиддифасод

маълумоти расмӣ

интишор кард. Дар маълумот зикр мегардад, ки адвокат аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдо дониста шуда, рӯзи 21-уми июл боздошт ва ҳамон рӯз нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шуҳрат Қудратов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мазкур нигаҳдорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.