Сокини Суғд 8 манзилро ғорат ва сипас 2-тоашро оташ зад

Сокини вилояти Суғд 8 манзили зист дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғорат намудааст. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи мазкур Т.Т., ки қаблан тӯли солҳои 2009 ва 2013 барои содир намудани ба ҳамин монанд ҷиноятҳо маҳкум шуда буд, боздошт гардид. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар […]



Сокини вилояти Суғд 8 манзили зист дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғорат намудааст. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи мазкур Т.Т., ки қаблан тӯли солҳои 2009 ва 2013 барои содир намудани ба ҳамин монанд ҷиноятҳо маҳкум шуда буд, боздошт гардид.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз муроҷиати 8 нафар сокини ҷамоати Гулистон дарёфти макони будубош ва боздошти гумонбаршуда дар ин ин ҷиноят Т.Т. муяссар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз манзили зисти ҳамсояҳо маблағи пулӣ, маснӯоти тилло, сарулибос ва ҳуҷчатҳоро дуздидааст. «Ба ҷуз дуздӣ, боздоштшуда ҳамчунин ба оташзании ду манзили зист пас аз дуздӣ низ гумонбар аст», – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Т.Т. аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 244 (Дуздӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, муҳр) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.