А.Содиқов: Тафтиш нисбати ман беғаразона аст

Александр Содиқов, муҳаққиқи ҷавони тоҷик, ки моҳе қабл ба гумони ҷосусӣ боздошт шуда буд, бо шарти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» тариқи телефон бо ӯ дар тамос шуда, мусоҳибаи кӯтоҳе орост, ки дар зер манзуратон мегардонем. Александр, айни замон шумо дар куҷо қарор доред? – Аз дирӯз ман дар манзили зистам […]

ASIA-Plus



Александр Содиқов, муҳаққиқи ҷавони тоҷик, ки моҳе қабл ба гумони ҷосусӣ боздошт шуда буд, бо шарти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд.

Хабарнигори «Азия-Плюс» тариқи телефон бо ӯ дар тамос шуда, мусоҳибаи кӯтоҳе орост, ки дар зер манзуратон мегардонем.


Александр, айни замон шумо дар куҷо қарор доред?

– Аз дирӯз ман дар манзили зистам бо аҳли оилаам қарор дорам.


– Шуморо пурра бегуноҳ эътироф намуданд, ҳамай айбномаҳо нисбати шумо бекор шуданд?

– На, алҳол тафтиш идома дорад. Дар посух ба дархостҳои мо мақомоти интизомӣ тасмим гирифтанд, ки чораи пешгирии ҳабс дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба шарти тарк накардани маҳалли зист иваз карда шавад. Дирӯз маро аз тавкифгоҳ ба хонаам ҷавоб доданд. Акнун мо анҷоми тафтишро мунтазир мешавем.


– Худро чӣ хел ҳис мекунед? Дар тавқифгоҳ бо шумо чӣ гуна муностибат мекарданд? Шароити он ҷо чӣ гуна буд?

– Худро хуб ҳис мекунам. Замони дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доштанам муносибати намояндагони муассиса бо ман комилан ҳирфаӣ буд. Шароити будубош низ хеле хуб аст: дар тавқифгоҳ ғизои хуб медиҳанд, хуб муносибат мекунанд, вазъи солимиро муоина мекунанд ва маҳсулоту чизҳои расида аз наздиконро медиҳанд.


– Тафтиш нисбати шумо аллакай беш аз як моҳ идома дорад. Ҷараёни онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Ман бовар ҳосил кардам, ки тафтиш нисбати ман ҳирфаӣ ва беғаразона аст. Умедворам, ки ба ҳамин минвол идома мекунад. Мавриди зикр аст, ки баъди шиносоӣ бо чанде аз мавод дар ВАО оид ба қазияи ман, зикр карданиам, ки изҳороти рӯи кори илмиам (диссертатсия) фаъолият доштанам дар Хоруғ ба воқеият рост намеояд. Таҳқиқоте, ки рӯйи он ман дар Хоурғ кор мекардам, ба диссертатсияи ман ҳеҷ муносибате надорад.

Ҳамчунин тариқи нашрияи шумо дархост карданиам, ки намояндагони дигар ВАО алҳол ба ман бо саволҳо муроҷиат накунанд. Айни замон ман бо оилаи худ будан мехоҳам ва ҳамчунин хоҳони онам, ки сарусадоҳо атрофи ин қазия хомӯш бишаванд.

Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов, унвонҷӯ (докторант)-и Донишгоҳи Торонто (Канада) рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ зимни анҷом додани таҳқиқот боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро ба фаъолияти иктишофӣ ва тахрибкорӣ гумонбар донист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.