Ҳашари поксозии бозори сӯхта таҳти раҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб

Ҳудуди ҳазор нафар имрӯз таҳти роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ба ҳашари поксозии бозори чанде қабл оташгиифта баромаданд. Мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хӯчамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо назардошти макони ҷойгиршавии бозор ва обуҳавои беҳад гарм, тасмим гирифта шудааст, ки то ахири рӯзи дигар бозор аз боқимондаҳои […]



Ҳудуди ҳазор нафар имрӯз таҳти роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ба ҳашари поксозии бозори чанде қабл оташгиифта баромаданд.

Мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хӯчамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо назардошти макони ҷойгиршавии бозор ва обуҳавои беҳад гарм, тасмим гирифта шудааст, ки то ахири рӯзи дигар бозор аз боқимондаҳои сӯхтор тоза ва партовҳо ба берун бароварда шаванд.

Ба гуфтаи вай, тибқи маълумоти ахири саҳеҳшуда, аз сӯхтор дар маҷмӯъ 163 фурӯшанда, аз ҷумла ҳудуди 50 нафар занон осеб дидаанд. «Ҳамаи онҳо тибқи шаҳодатнома ё патентҳои нозироти андоз фаъолият доштанд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки аз сӯхтор натанҳо маркази савдои «Шаҳбоз-С», ки пурра ба коми оташ рафт, балки марказҳои савдои хусусии «Алиҷон Шералӣ», «Баракат» ва як қисмате аз бозори «Саховат» низ хисорот бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони «Тоҷикматлубот имрӯз итминон доданд, ки қисмати сӯхтаи муталлиқ ба онҳо дар бозорро аллакай то Иди Рамазон барқарор мекунанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб таъкид дошт, ки дар бораи сохтмони бозори нави наздишаҳрӣ дар мақомоти марбута қарор тасдиқ шуда, тамоми фурӯшгоҳҳо аз  маркази шаҳр тадриҷан ба ин бозори берун аз шаҳр кӯчонида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.