Коммунистон ба таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ пардохтанд

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизб гурӯҳи корӣ таъсис дод. Котиби ҲКТ Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омодагии ҳизб ба маъракаи интихоботии дар охири моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бар асоси нақшаи […]



Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизб гурӯҳи корӣ таъсис дод.

Котиби ҲКТ Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омодагии ҳизб ба маъракаи интихоботии дар охири моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бар асоси нақшаи кории қаблан тасдиқшуда сурат мегирад.

Ба гуфтаи Талбаков, айни замон ҷиҳати баргузории пленуми Ҳизби коммунист дар моҳи сентябр омодагирӣ идома дорад, ки дар он квотаи вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии дар моҳи декабр пешбинишудаи ҳизб тасдиқ гардида, рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҲКТ муайян карда мешавад.

Дар идома ӯ зикр кард, ки раёсати ҲКТ ба ташкилотҳои ибтидоии худ дар маҳалҳо оид ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилӣ дар сатҳҳои гуногун бо шумули маҷлисҳои маҳаллӣ дастуру тавсияҳо ирсол намудааст.

«Мо ба бахшҳо дар маҳалҳо дастур додем, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, шахсони дорои нуфузу эътибор дар ҷомеа ва мутахассисони босаводу соҳибтаҷрибаро ба вакилӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарӣ намоянд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".