А.Ширинов: Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 2% коҳиш ёфт

– Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли мбалағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон начандон зиёд коҳиш ёфта, дар сатҳи нишондиҳандаи соли гузашта боқӣ монданд, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов. «Ман ба ифшои маълумоти мушаххас дар бораи маблағи интиқолшуда ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳуқуқ надорам, […]



– Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли мбалағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон начандон зиёд коҳиш ёфта, дар сатҳи нишондиҳандаи соли гузашта боқӣ монданд, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов.

«Ман ба ифшои маълумоти мушаххас дар бораи маблағи интиқолшуда ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳуқуқ надорам, вале ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳаҷми коҳиш ҳамагӣ 2%-ро ташкил дода, коҳиши босуръати воридоти интиқоли маблағҳои пулӣ тибқи пешгӯиҳо ба мушоҳида намерасад», – иброз дошт А.Ширинов.

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 6 моҳи соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 678 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буданд.

Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ 644 млн. доллари ИМА  маблағ ворид гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 35,7 млн. доллари ИМА камтар аст. Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблаги пулӣ низ аз 310доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2013) то 270 доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014) поин рафт.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти матбуотӣ дар БДА «Амонатбонк» раиси ин бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон изҳор кард, ки нимсолаи аввали соли равон 288 млн. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% камтар буда, чунин вазъ дар тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳудуди 90%-и маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз дигар кишварҳои ИДМ ва саросари ҷаҳон ворид мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.