Шаҳрдории пойтахт маҳсулоти арзон барои дастурхони идонаро ваъда медиҳад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони пойтахт ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти ғизойии нархҳояшон дастрас дар остонаи иди моҳи шарифи Рамазон аз 25 то 27-уми июл ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизойӣ барпо мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ярмаркаҳо аз соати 5-и субҳ то 21-и шом дар 24 маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи […]



Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони пойтахт ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти ғизойии нархҳояшон дастрас дар остонаи иди моҳи шарифи Рамазон аз 25 то 27-уми июл ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизойӣ барпо мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ярмаркаҳо аз соати 5-и субҳ то 21-и шом дар 24 маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва инчунин дар маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои тамоми бозорҳои шаҳр  аз соати 8 то 17-30 бо нархи 3 сомонӣ барои 1 литр фурӯши шир ташкил карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳо гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.

«Бо дастури раиси пойтахт, дар ин рӯзҳо дар тамоми бозорҳои пойтахт як халта орди навъи якум (50 кило) бо нархи 135 сомонӣ, 1 кило картошка – то 1,7 сомонӣ,  пиёз – то 1,5 сомонӣ, сабзӣ – то 2,5 сомонӣ, карам – 1,6 сомонӣ, помидор – 2 сомонӣ, бодиринг – 2,5 сомонӣ, равғани растанӣ – 7 сомонӣ барои 1 литр, гӯшти гов – то 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – то 36 сомонӣ, 10 дона тухм – то 6,5 сомонӣ, шакар – 4 сомонӣ, чака – то 7 сомонӣ

тарбуз 1 кг – 1 сомонӣ ва харбуза 1 кг – 2 сомонӣ фурӯхта мешаванд», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.