Дар Ҷиликӯл корхонаи истеҳсоли асфалт ба истифода дода мешавад

Дар ноҳияи Ҷиликӯл корхонаи истеҳсоли асфалт ба истифода дода мешавад. Зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати нақлиёт бо дастгирии ҳукумати Ҷопон барои муассисаҳои зертобеаш дар минтақа сохтмони корхонаи истеҳсоли асфалт дар қаламрави ноҳияро оғоз карда, корхона бояд дар моҳи оянда мавриди истифода қарор дода шавад. «Корхонаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар ноҳияи Ҷиликӯл корхонаи истеҳсоли асфалт ба истифода дода мешавад.

Зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати нақлиёт бо дастгирии ҳукумати Ҷопон барои муассисаҳои зертобеаш дар минтақа сохтмони корхонаи истеҳсоли асфалт дар қаламрави ноҳияро оғоз карда, корхона бояд дар моҳи оянда мавриди истифода қарор дода шавад.

«Корхонаи номбурда бо иқтидори истеҳсоли 35 тонна асфалт дар як соат буда, барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақа кор хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақа шароити таъмири хушсифати роҳҳо фароҳам хоҳад омад. «Мо низ умед дорем, ки роҳҳои худро марҳила ба марҳила асфалтпӯш мекунем», – афзуд раиси ноҳия.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.