Сокини Суғд 8 манзилро ғорат ва сипас 2-тоашро оташ зад



Сокини вилояти Суғд 8 манзили зист дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғорат намудааст. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 30-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи мазкур Т.Т., ки қаблан тӯли солҳои 2009 ва 2013 барои содир намудани ба ҳамин монанд ҷиноятҳо маҳкум шуда буд, боздошт гардид.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз муроҷиати 8 нафар сокини ҷамоати Гулистон дарёфти макони будубош ва боздошти гумонбаршуда дар ин ин ҷиноят Т.Т. муяссар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз манзили зисти ҳамсояҳо маблағи пулӣ, маснӯоти тилло, сарулибос ва ҳуҷчатҳоро дуздидааст. «Ба ҷуз дуздӣ, боздоштшуда ҳамчунин ба оташзании ду манзили зист пас аз дуздӣ низ гумонбар аст», – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Т.Т. аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 244 (Дуздӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, муҳр) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное