20 млн. $ бурс барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе



Миёни ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (ФБД), Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) дар бораи нияти ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА барои сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳ протокол ба имзо расид.

Тавре аз ФБД хабар доданд, ба ҷуз сохтмони терминал, ин воситаҳо ҳамучнин барои дастрас кардани низоми дақиқи нишасти ҳавопаймо бо дастгоҳҳо (ILS ва PALS) низ пешбинӣ шудаанд.

«Соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони фурудгоҳ мутахассисони JICA таҳқиқот ва тахлили фаннӣ гузаронида, ҳисобу китоб ва лоиҳаи пешакӣ омода шуд, ки тамоми чорабиниҳои зарурӣ барои сохтмони терминалро дар бар мегирад», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, моҳи августи соли 2014 лоиҳаи мазкур  ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумати ҷопон пешниҳод гардида, нимаи дуюми соли равон имзои созишнома миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бораи ҷудо кардани бурс ва оғози корҳо дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное