Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барпо мешавад; – Соати 16:00 дар ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад; – Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар […]

ASIA-Plus



Анонс



– Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барпо мешавад;

– Соати 16:00 дар ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад;

– Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 11-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9620

сомонӣ;


1

евро –

6.6401

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1414

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1961

— Анҷумани I-уми зиёини Тоҷикистон доир гардид.


2004

– Шомгоҳон дар назди манзили зисташ сардабири ҳафтавори «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзо мавриди лату кӯб қарор гирифт.


2009

– Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон Э.Раҳмон ва О.А. Зардорӣ зимни мулоқоти дуҷониба оид ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо ба тавофуқ расиданд.


2012

— ҲНИТ расман ҳалокати раиси бахши ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоевро тасдиқ кард.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Раҳим Ҳошимов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +30+35;  дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +19+24.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.