20 млн. $ бурс барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе

Миёни ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (ФБД), Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) дар бораи нияти ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА барои сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳ протокол ба имзо расид. Тавре аз ФБД хабар доданд, ба ҷуз сохтмони терминал, ин воситаҳо ҳамучнин барои дастрас кардани низоми […]

Заррина Эргашева



Миёни ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (ФБД), Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) дар бораи нияти ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА барои сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳ протокол ба имзо расид.

Тавре аз ФБД хабар доданд, ба ҷуз сохтмони терминал, ин воситаҳо ҳамучнин барои дастрас кардани низоми дақиқи нишасти ҳавопаймо бо дастгоҳҳо (ILS ва PALS) низ пешбинӣ шудаанд.

«Соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони фурудгоҳ мутахассисони JICA таҳқиқот ва тахлили фаннӣ гузаронида, ҳисобу китоб ва лоиҳаи пешакӣ омода шуд, ки тамоми чорабиниҳои зарурӣ барои сохтмони терминалро дар бар мегирад», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, моҳи августи соли 2014 лоиҳаи мазкур  ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумати ҷопон пешниҳод гардида, нимаи дуюми соли равон имзои созишнома миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бораи ҷудо кардани бурс ва оғози корҳо дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.