Корхонаҳои Тоҷикистон аз Магадан таҷҳизоти заршӯӣ мехаранд

Date:



Миёни коргоҳи заршӯии «Одина» ва крхонаи механикии Магадан оид ба таҳвили таҷҳизот ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз коргоҳи «Одина» хабар доданд, таҷҳизоти заршӯии ППМ-5 ва ГГМ-3 истеҳсоли ин корхона қаблан ҳам ба Тоҷикистон оварда шуда, мавриди истифода қарор дорад ва ин дафъа коргоҳ барои ин таҷҳизот қисмҳои эҳтиётӣ фармоиш додааст.

«Маблағи қарордоди охир 2 млн. раблуи русиро ташкил дода, он ба коргоҳи мо ҷиҳати афзоиши истихроҷи тилло дар кони тиллои пошидаи Яхсӯ кумак мекунад», – гуфтанд дар коргоҳ.

Ба иттилои манбаъ, тӯли солҳои зиёдест, ки ширкатҳои машғул ба истихроҷ дар конҳои пошида (реза)-и тилло дар Тоҷикистон бо корхонаи механикии Магадан ҳамкорӣ доранд.

Коргоҳи заршӯии «Одина» аз соли 2001 дар яке аз қитъаҳои кони тиллои пошидаи «Яхсӯ» бо номи «Дондушкан» ба истихроҷи маъдан машғул аст. Муддати як сол дар коргоҳ каме бештар аз 100 кило тилло истихроҷ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...