Кумитаи забон саводнокии ВАО-и тоҷикро месанҷад

Date:



Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ дурустии истифодаи забони давлатӣ дар васоити ахбори умуми Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба савол бобати ҷавобгӯ будани забони ВАО ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон», раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода посух дод, ки «алҳол кумита ин масъаларо дар ВАО-и маҳаллӣ насанҷидааст».

«Нимсолаи дуюми соли равон Кумита ба санҷиши ВАО, аз ҷумла радио ва телевизион оғоз мекунад. Аксари рекламаҳо бо забони русӣ садо медиҳанд, ки мухолифи меъёрҳои қонун аст. Мо санҷиш гузаронида, тағйироту илова дар фаъолияти онҳоро пешниҳод мекунем», – қайд кард Шарофзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати роҳ надодан ба иштибоҳот дар реклама ва ҳамчунин дигар самтҳои фаъолият, танҳо ширкати алоқаи мобилии Tcell бо кумита ҳамкорӣ мекунад. «Ҳатто қабл аз ирсоли смс-паёмаки табрикотӣ ё смс-паёмак оид ба эълони аксия барои муштариён, кормандони ширкат ҷиҳати санҷиши дурустии навишти матн ба мо муроҷиат менамоянд», – зикр кард раиси Кумита.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...