Убайдуллоев мудирони бозорро барои иҷро накардани тавсияҳояш аз кор озод кард

Меҳрангез Турсунзода



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директрони ду бозорро аз мансаб барканор намуда, фаъолияти ду бозори хусусӣ дар шаҳри Душанберо манъ кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини раиси пойтахт Бурҳон Назаров, барои иҷро нашудани тавсияҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт бобати танзими нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи шарифи Рамазон, директорони бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат» аз вазифа озод шудаанд.

«Ба ҳама маълум аст, ки моҳи Рамзон талабот ба гӯшт зиёд мешавад, вале дар ин бозорҳо гӯшти кӯҳнашударо мефурӯхтанд. Ҳамчунин раиси пойтахт изҳор намуд, ки бозорҳои Душанбе ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд», – иброз дошт вай.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорон ва директорони бозорҳо машварати таъҷилӣ доир намуда, онҳоро огоҳ намудааст, ки дар сурати иҷро накардани тавсияҳои мақомоти шаҳрдорӣ, фавран аз мансабҳояшон сабукдӯш хоҳанд шуд ва бозорҳои хусусие, ки ин дастурҳоро риоя намекунанд, баста мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита бозори «ҳамдиёрон» дар ноҳияи Фирдавсӣ баста шуда, фаъолияти бозори маҳалли 102-юм мавриди тафтиши мақомоти прокуратура қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.