Изҳороти таҷовуз ба номуси як зани эронӣ аз ҷониби корманди ВКД Тоҷикистон

Як зан бо номи Отифеҳ Пичанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон асту зери ҳимояти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон қарор дорад, санаи 21-уми июли соли равон дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дод. Изҳорот ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ […]



Як зан бо номи Отифеҳ Пичанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон асту зери ҳимояти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон қарор дорад, санаи 21-уми июли соли равон дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дод.

Изҳорот ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ирсол шудааст. «Ӯ санаи 10.02.2014 сол маро зӯран маро ба автомашинаи рақами 55 00 АМ 01 савор карда, ба кабинети кории худ овард ва дар ҳамон ҷо нисбати ман амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир намуд», – зикр мегардад дар изҳорот, ки нусхаи он ба «Азия-Плюс» дастрас гардид.

Ҷабрдида Отифеҳ Пичанд ҳамчунин қайд мекунад, ки то баргузории вохӯрии президент бо кормнадони прокуратура санаи 10-уми июли соли ҷорӣ, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар надоштааст. «Аммо баъди вохӯрии президент ман бовар дорам, ки дигар ҳеҷ касе чунин афродро дастгирӣ нахоҳад кард», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита ба журналистон иттилоъ дод, ки изҳороти мазкур қабул шуда, айни замон оид ба ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.