Убайдуллоев мудирони бозорро барои иҷро накардани тавсияҳояш аз кор озод кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директрони ду бозорро аз мансаб барканор намуда, фаъолияти ду бозори хусусӣ дар шаҳри Душанберо манъ кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд. Ба гуфтаи муовини раиси пойтахт Бурҳон Назаров, барои иҷро нашудани тавсияҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт бобати танзими нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директрони ду бозорро аз мансаб барканор намуда, фаъолияти ду бозори хусусӣ дар шаҳри Душанберо манъ кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини раиси пойтахт Бурҳон Назаров, барои иҷро нашудани тавсияҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт бобати танзими нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи шарифи Рамазон, директорони бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат» аз вазифа озод шудаанд.

«Ба ҳама маълум аст, ки моҳи Рамзон талабот ба гӯшт зиёд мешавад, вале дар ин бозорҳо гӯшти кӯҳнашударо мефурӯхтанд. Ҳамчунин раиси пойтахт изҳор намуд, ки бозорҳои Душанбе ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд», – иброз дошт вай.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорон ва директорони бозорҳо машварати таъҷилӣ доир намуда, онҳоро огоҳ намудааст, ки дар сурати иҷро накардани тавсияҳои мақомоти шаҳрдорӣ, фавран аз мансабҳояшон сабукдӯш хоҳанд шуд ва бозорҳои хусусие, ки ин дастурҳоро риоя намекунанд, баста мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита бозори «ҳамдиёрон» дар ноҳияи Фирдавсӣ баста шуда, фаъолияти бозори маҳалли 102-юм мавриди тафтиши мақомоти прокуратура қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.