Ҳукми 5 соли зиндон ба судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои порагирӣ



Аз оғози сол дар вилояти Суғд танҳо як судя барои содир намудани ҷиноят маҳкум карда шуд.

«Суди олии Тоҷикистон судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои порагирӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард», – изҳор дошт сардори шуъбаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маъруф Бобоҷониён.

Ба гуфтаи ӯ, Дилшод Рофиев, судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати се сол баъди озодӣ низ маҳрум гардид.

Бобоҷониён қайд кард, ки дар зарфи 6 моҳ соли равон ба шуъбаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сокинони вилоят оид ба фаъолияти судяҳо ва кормандони мақомоти судии вилоят 98 арзу шикоят ворид шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное